Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои дархости раводиди забономӯзӣ (D-4-1) ва таҳсил дар зинаҳои бакалавр ва магистратура (D-2) барои донишгоҳҳое, ки аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея аккредитатсия шудааст, чунинанд:
1. Ҳуҷҷати аслии дохилшавӣ (Certificate of Admission)
2. Нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии донишгоҳ (사업자등록증)
3. Нусхаи аслии сертификати TOPIK
o забономӯзӣ: сертификати TOPIK 1 ё шаҳодатномаи хатми дараҷаи 1,2 -и маркази забономӯзии Сеҷонг
ва ё нусхаи аслии рӯйхати баҳо баъди 1 соли таҳсил дар ихтисоси забони кореягӣ
o таҳсил дар зинаи бакалавр Нусхаи аслии сертификати TOPIK2,
магистратура нусхаи аслии сертификати TOPIK 3
- Барои донишгоҳҳое, ки бо забони англисӣ таълим медиҳанд,
ҳуҷҷатҳои аслии тасдиқкунандаи аз ҷониби донишгоҳ додашуда
4. Ҳуҷҷати аслй дар бораи хатми мактаби охирин
5. Маълумотномаи аслии ташхиси бемории сил (аз клиникаи Нурафзо)
6. Анкета барои дархости раводид, 1 дона акси ранга, квитансияи пардохти ҳаққи баррасии раводид (Ориёнбонк)
Дар ҳолати донишгоҳ аккредитатсияшуда набошад, бояд пеш аз пешниҳоди дархости раводид ба tjkorem@mofa.go.kr тамос гирифта шавад.