Лутфан таваҷҷӯҳ намоед, ки ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҳангоми даъвати хизматчиёни давлатии Тоҷикистон, аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё созмонҳои ҷамъиятии (СММ) Корея дар зер оварда шудаанд:
o ҳангоми фиристодани ҳуҷҷатҳои даъватӣ ба намояндагии дипломатӣ дар хориҷа тавассути
Вазорати корҳои хориҷи Ҷумҳурии Корея:
- нусхаи даъватнома, маълумотномаи аслӣ аз ҷои кор, нусхаи аслии анкета барои дархости раводид,
нусха ва асли шиносномаи хориҷӣ, 1 дона акси рангаи андозаи 3.5x4.5см, квитансияи пардохти ҳаққи дархости
баррасии раводид, нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии муассиса(사업자등록증)
* Аз ҷониби мақомоти даъваткунанда дархост шудани пардохти ҳаққи дархости баррасии раводид
озод карда шуда бошад, пешниҳоди квитансияи пардохти ҳаққи дархости баррасии раводид лозим нест.
o ҳангоми ҳуҷҷатҳои даъватӣ мустақиман ба даъватшаванда тавассути DHL ва ғайра фиристода шудан
(аз ҷумла ҳолатҳое, ки нусхаи он тавассути почтаи электронӣ расонида мешавад):
- нусхаи ҳуҷҷатҳои даъватӣ, маълумотномаи аслӣ аз ҷои кор, нусхаи аслии анкета барои дархости раводид,
нусха ва асли шиносномаи хориҷӣ, 1 дона акси рангаи андозаи 3.5x4.5см,
квитансияи пардохти ҳаққи дархости баррасии раводид, нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии муассиса.
o Лутфан ҳуҷҷатҳои дахлдор бо назардошти он, ки аз лаҳзаи қабули дархост то судури раводид
тақрибан 2 ҳафта мегузарад, фиристода шавад.
o Агар ягон дархости дигар дошта бошед, лутфан ба почтаи электронии tjkorem@mofa.go.kr фиристед,
дар давоми 7 рӯзи корӣ ҷавоб дода мешавад.