Шахсони зерин барои гирифтани раводиди бисёркарата (мултивиза) дархост карда метавонанд:
1. Шахсоне, ки дар давоми 2 соли охир 4 маротиба ба Ҷумҳурии Корея бо раводиди C сафар кардаанд.
2. Шахсоне, ки дар умум зиёда аз 10 маротиба бо раводиди C ба Ҷумҳурии Корея сафар кардаанд ва сафари охирони онҳо давоми 2 соли охир сурат гирифтааст.
Бо ҳуҷҷатҳои зерин шумо метавонед раводиди бисёркаратаро ройгон дархост кунед: (Аз 4-уми феврали соли 2025)
1. нусхаи мӯҳр ё (стикери дар шиноснома часпонидашуда) ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи вуруд/хуруҷ
2. Анкета ва забонхат
3. Сурати ранга (3,5x4,5) 1 дона дар заминаи сафед
4. Нусхаи шиносномаи хориҷӣ ва шиноснома
* Шахсоне, ки бо шиносномаи русӣ сафар кардаанд он ба ҳисоб гирифта намешавад.Инчунин сафарҳое, ки ба ғайр аз раводиди С сурат гирифтааст, ба ҳисоб гирифта намешавад.