바로가기 메뉴 본문 바로가기 주메뉴 바로가기
Посольство

Общая Информация

  1. Посольство
  2. Общая Информация
  • Font Size

Дастур дар бораи пешниҳоди маълумотномаи ташхиси сил (аз 25 феврали соли 2020 амал мекунад)

DATE
2020-02-25

Ҳангоми шаҳрвандони 35 кишвари дар зер овардашуда, аз ҷумла Тоҷикистон, барои дарёфти раводиди будубоши дарозмуддат (D, E, F, H) муроҷиат мекунанд, онҳо бояд маълумотномаи ташхиси бемории силро аз беморхонае, ки Сафорати мо таъин кардааст, пешниҳод намоянд.


  o 35 кишвар(тартиби алифбо) : Нигерия, Африқои Ҷанубӣ, Непал, Тимори Шарқӣ, Лаос, Русия, Малайзия,  озамбик, Ҷумҳурии Молдова, Муғулистон, Мянма, Бангладеш, Ветнам, Беларус, Шри-Ланка, Озарбойҷон, Ангола, Эфиопия, Ӯзбекистон, Украина, Ҳиндустон, Индонезия, Чин, Зимбабве, Қазоқистон, Камбоҷа, Ҷумҳурии Демократии Конго, Кения, Қирғизистон, Тоҷикистон, Таиланд, Покистон, Папуа Гвинеяи Нав, Перу, Филиппин.


  o Беморхонаи таъиншуда дар Тоҷикистон: Маркази ташхиси тиббии Нурафзо

    - Телефон: 44 620 3355, 88 886 5533

    - Суроға: И.Сомонӣ 59, Маркази миллии тиббии «Шифобахш» (Қарияи боло)

 

  o Агар таърихи табобати қаблии бемории сил ва аломатҳои шубҳанок мавҷуд бошад, ба ғайр аз рентгени қафаси сина санҷиши туберкулин зарур аст.

 

  o Мӯҳлати эътибори маълумотномаи ташхиси сил 3 моҳ аз рузи дода шудан аст.


  o Кӯдакони то 5-сола аз пешниҳоди ташхиси бемории сил озоданд.

     - Ба довталабони раводиди дипломатӣ (A-1), расмӣ (A-2) ва Конвенсия (A-3) лозим нест, ки чунин маълумотнома дар алоҳидагӣ пешниҳод кунанд.

loading