Ба маълумоти шумо мерасонем, ки Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси тамоюли равобити ривоҷёбанда байни Корея ва Тоҷикистон, барои саҳмгузорӣ ва табодули фаолонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба иқтисоди ҳарду кишвар аз 1 октябри соли 2024 дархостҳои раводиди тиҷоратиро (C-3-4) ба таври зер такмил намуда амалӣ намуданро ба нақша гирифтааст:
1. Квота барои гирифтани раводиди тиҷоратӣ (C-3-4) аз 30 нафар, ки пештар дар як ҳафта қабул карда мешуд, то
50 нафар дар як ҳафта зиёд карда мешавад.
2. Танҳо ҳуҷҷатҳои аслии байни саҳифаҳо стамп зада бояд ҳамчун ҳуҷҷатҳои даъватӣ пешниҳод карда шаванд,
агар ҳуҷҷатҳои қалбакӣ пешниҳод карда шаванд ба маҳдудиятҳои вуруд дучор мегарданд ва дар ҳолати
пешниҳоди нусхаи ҳуҷҷатҳои даъватӣ раводид судур карда намешавад.
Инчунин ҳангоми брон намоӣ, даъватномаи аслӣ надошта бошад ё сол, моҳ, рӯзи таваллудро
дуруст нагӯяд, аз тарафи сафорат телефон хомӯш мешаваду брон намешавад.
Ҳангоми броннамоӣ номи ширкати даъваткунанда низ бояд гуфта шавад.
Дар ғайри чунин ҳолат брон намешавад.
Агар бо сабаби техникӣ, занг хомӯш мешавад, брон намешавад.
3. Рақами телефон ва вақти навбатгирӣ чунинанд:
ㅇ Рақами телефон барои навбатгирӣ: +992 93 888 3661 / +992 97 777 0553
* Лутфан таваҷҷӯҳ намоед, ки пайваст шавии телефонҳо аз сабаби зиёд шудани зангҳо душвор буда метавонад.
ㅇ Вақти навбатгирӣ: Ҳар рӯзи чоршанбе аз соати 14:00 то 16:00, пас аз анҷомёбии навбатгирӣ тариқи телефон
дигар ба он телефон зангзадан намешавад.
- Агар рӯзи чоршанбе истироҳат бошад, навбатгирӣ дар рӯзи кории оянда (панҷшанбе ё ҷумъа) қабул карда
мешаванд.
4. Соатҳои пешниҳоди дархости раводиди тиҷоратӣ (C-3-4) ҳар рӯзи сешанбе ва чоршанбе аз соати 9:00 то 12:00
аст ва дархостҳо дар рӯзҳои ид ва истироҳатӣ қабул карда намешаванд.
5. Пардохти дархост барои баррасии раводид бояд дар рӯзи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дархост пардохта шавад ва
агар пешпардохт ё дер анҷом дода шавад, раводид дода нашавад.
6. Агар аъзои оилаи дорандаи раводиди бисёркарата (C-3-1) ё оилаи роҳбар ё корманди ширкати тиҷоратӣ дар
Корея (D-8) ба муддати кӯтоҳ ба Корея бо мақсади тиҷорату боздид ва ғайр аз он, сафар кунанд, онҳо бояд
тавассути телефон навбат гирифта, баъд раводиди тиҷоратии кӯтоҳмуддатро (C-3-4) дархост намоянд.
o Агар оилаи дорандагони раводиди D(D-2, D-8, D-9), E(E-7), F(F-4) ё H(H-2) ба Корея барои будубоши ҳамроҳӣ (раводиди F) сафар кунанд, навбатгирӣ тариқи телефон лозим нест.
o Агар волидайн ё хоҳарон ё бародарони дорандаи раводиди D-2 (таҳсил дар Корея) ба Корея
бо мақсади дидани донишҷӯяшон сафар кунанд, бидуни навбатгирӣ дархост карда метавонад.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ даъватномаю кафолатномаи аслӣ аз агентии сайёҳии ширкати Кореягӣ,
сертификати донишгоҳии аслӣ, шаҳодатнома дар бораи робитаи оилавӣ,
нусхаи корти бақайдгирии Корея ва шаҳодатномаи аслии ҷои кори довталаби раводидро дар бар мегиранд.
Агар шумо дар мавриди эълони дар боло овардашуда пурсишҳои иловагӣ дошта бошед, лутфан ба шӯъбаи консулии Сафорати Корея дар Тоҷикистон (+992 37229 3001) ё почтаи электронӣ (tjkorem@mofa.go.kr) муроҷиат намоед.